Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 24 август дар шаҳри Панҷакент ба муносибати сафари расмии ҳайати Комиссияи байналмилалии арзёбии «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳо» ба шаҳри Панҷакент намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Дар намоишгоҳ намунаҳои бошукуҳи сӯзании суннатӣ – шоҳасарҳои воқеӣ, ки бо дастони ҳунармандони Панҷакент офарида шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.
«Сӯзании Панҷакент» намоишгоҳи нодир мебошад, зеро сӯзанӣ санъати нозук ва асили гулдӯзӣ аст, ки давоми асрҳо ин сарзамини бостониро зиннат додааст.
Шаҳри Панҷакент бо таърихи бой, фарҳанги қадимӣ ва суннатҳои дерини ҳунармандӣ яке аз марказҳои муҳими фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа маҳсуб мешавад. Махсусан Саразми бостонӣ, ки дорои таърихи беш аз 5500-сола мебошад, чун яке аз ёдгориҳои беназири олам аз қадим маркази рушди илму фарҳанг, санъату ҳунар ва анъанаҳои гуногун мебошад.
Пешниҳоди Панҷакент барои гирифтани унвони «Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ», ки воқеан барои ин шаҳр иқдоми муҳим ва сазовор мебошад, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт. Воқеан сазовори чунин унвон шудани шаҳри бостонию қадимии Панҷакент метавонад дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои миллӣ нақши сазовор гузорад.
Панҷакент яке аз қадимтарин шаҳрҳои минтақа буда, бо таърихи чандҳазорсолааш маҳалли тамаддун ва ҳунармандӣ будааст. Мероси фарҳангии он, аз ҷумла осори бостонӣ, фарҳангу таърих, анъанаҳои ҳунармандӣ шаҳодати равшани маданияти баланди шаҳрдорӣ ва рушди ин макон аст. Дар ин ҷо ҳамеша ҳунармандон – чирадастоне зиндагӣ ва фаъолият мекарданд, ки бо санъати дастӣ, зебоии табиӣ ва офаридаҳои худ маъруф ҳастанд.
Ба эътирофи байналмилалӣ, Панҷакент метавонад ҷузъи муҳими шабакаи шаҳрҳои ҳунармандии ҷаҳон гардад. Ин маънои боз ҳам бештар рушд ёфтани туризм, ҷалби сармоягузорӣ ва эҷоди имконияти нав барои ҳунармандонро дорад. Ҳунарҳои миллӣ, ба монанди кулолгарӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ ва дигар шеваҳои ҳунармандӣ метавонанд дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, тақвият ёбанд.
Ин пешниҳоди муҳим на танҳо марҳилаи нав барои Панҷакент, балки қадами устуворе дар самти ҳифз ва рушди ҳунарҳои милливу мардумӣ барои тамоми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






