Дар ноҳияи Мастчоҳ мавсими пахтачинӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ мавсими ҷамъоварии пахта оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Зимни шиносоии масъулин бо ҷараёни ҷамъоварии пахта аз хоҷагии деҳқонии «Ғуфронзодаҳо»-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар 44 гектар навъҳои гуногуни пунбадонаи элитаи чинӣ кишт карда шудааст. Хоҷагидорон ният доранд аз ҳар гектар то 50-сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд.
Соли равон танҳо дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар 2770 гектар пахта кишт гардидааст. Кишоварзон бо истифодаи таҷриба ва усулҳои нави агротехникӣ талош доранд сатҳи ҳосилнокиро боло бурда, нақшаи пешбинишударо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд.
Имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 280 гектар чигит кишт намудаанд. Интизор меравад, ки бо заҳмати содиқонаи деҳқонон ва истифодаи таҷрибаи муосири агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






