Дар роҳҳои Душанбе санҷишҳо гузаронида мешаванд

Август 13, 2025 16:05

ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе аз 11 то 17 август дар самти риояи қоидаҳои мусофиркашонӣ аз ҷониби ронандагон санҷишҳо гузаронида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад.

Гурӯҳи махсус аз намояндагони бахшҳои дахлдори давлатӣ иборат буда, риояи қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бехатарии ҳаракат дар роҳ, пардохтҳои электронӣ, пӯшидани либоси ягона аз ҷониби ронандагон, инчунин фаъолияти ғайриқонунии ронандагони таксиро месанҷад.

Бояд гуфт, ки дар пойтахт риоя нашудани қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ, аз қабили аз меъёр зиёд савор намудани мусофирон, таваққуф дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани вақт ва масири сафар, инчунин қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагони таксиҳо боиси нигаронии сокинон гардидааст.

Тадбирҳои андешида ба беҳтар шудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии мусофирон кумак мерасонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 13, 2025 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд