Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар якчанд корхонаи саноатӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат» яке аз корхонаҳои нави саноатӣ буда, дар он рангҳои сохтмонӣ ва хокаҳои ороишию пардоздиҳӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар айни замон сохтмони биноҳои ёрирасон ва васлу насби дастгоҳҳо идома дошта, баъди ба кор даромадани коргоҳ 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят бунёди чунин хатҳои истеҳсолиро қадами устувор дар татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат унвон намуд. Масъулин вазифадор карда шуданд, ки пеш аз ҳама, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ дар бозори дохилӣ хеле баланд аст.
Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуд. Ҳоло дар корхона сохтмони боз як хати нави истеҳсолӣ ва воридсозии дастгоҳҳои муосири қолинбофӣ аз кишвари Белгия идома дорад. Иқтидори ин дастгоҳ истеҳсоли то 4 ҳазор метри мураббаъ қолин дар як шабонарӯз ва то 120 ҳазор метри мураббаъ дар як моҳ мебошад. Бо ба кор андохтани хати нав иқтидори солонаи корхона ба 4 миллион метри мураббаъ расонида мешавад.
«Қолинҳои Қайроққум» аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи вилоят ба шумор рафта, маҳсулоти он бо сифату зебоӣ ва нақшу нигори миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд дорад. Дар айни замон дар корхона 500 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Изҳор гардид, ки иқтидори нави истеҳсолӣ ба рушди иқтисод, афзоиши ҷойи кор ва қонеъсозии талаботи бозор мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






