Дар шаҳри Гулистон вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Узбекистон таҳкими ҳамкории энергетикиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон зимни вохӯрии кории Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи давлатӣ, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба роҳ монда шудааст, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла энергетика бо суръати баланд рушд карда, ба таври устувор ва пурсамар вусъат меёбад.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баррасии масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», инчунин имконияти таҳвили гази табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо аз сатҳи феълии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳарду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






