Дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ҷанбаҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар давраи соҳибистиқлолӣ муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръати миёнасолонаи рушд дар байни солҳои 2000-2024 7,7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 10,6 маротиба ва Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 8,6 маротиба афзуд.
Дар ҷаласа ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти рушди минтақаҳои дурдасти мамлакат, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққат дода шуд. Танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ ба вилоят беш аз 26 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, садҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва инфрасохтори муҳими саноатӣ сохта шудаанд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии маҳалҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон тадбирҳои пешбинишуда дар доираи Стратегияи миллии рушд-2030 муаррифӣ карда шуда, нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ба мамлакати «сабз» мубаддал гардонидани Тоҷикистон таҳлил гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад






