Дар шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 августи соли 2025 дар шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км гузаронида мешавад, ки ҳадафаш рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» мебошанд.
Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» танҳо мусобиқаи варзишӣ набуда, балки иқдом барои ҳифзи табиат, саломатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ мегардад. Ниммарафони байналмилалӣ варзишгарон ва дӯстдорони варзиши намуди давро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ҷамъ меорад.
Инчунин дар доираи Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» дар мавзеи Ҳафткӯл ҳашари экологии тоза намудани соҳили кӯлҳо гузаронида мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






