Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ соли 2026 дар Тоҷикистон баргузор мегардад

Август 13, 2025 09:56

ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/.  11 август дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, ки дар он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рӯзномаи ҷаласа 12 масъала, аз ҷумла ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Консепсияи рушди ҳамкории иттилоотии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ содир мешаванд, баррасӣ гардиданд. Инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои дохилии Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то 14 август идома ёфта, ба тақвият бахшидани ҳамкории минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.

Ҷаласаи навбатии шуро соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.     

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

Август 13, 2025 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд