Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст

Август 9, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон 564 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи сӯхтор 14 шаҳрванд ҳалок шудааст, ки 6 нафараш ноболиғ мебошад. Дар натиҷа аз коми сӯхтор ҳаёти 87 нафар наҷот дода шуда, маблағи зарар 15 миллиону 622 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус 7 август зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо фарорасии фасли гармо ва баланд шудани ҳарорати ҳаво тамоюли афзоиши ҳодисаҳои сӯхтор бештар мушоҳида карда мешавад.

Ҳодисаҳои бинобар беаҳамиятӣ рух додани сӯхтор дар ҷангалзор, сӯхтани алафҳои хушк дар талу теппаҳо, оромгоҳҳо, ҳудуди иншооти хоҷагии халқ ва канори роҳҳои оҳану мошингард ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ бештар ба назар мерасанд. Омилҳои асосии ба вуқуъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор аз меъёр зиёд истифода бурдани таҷҳизоти барқии сардкунандаю гармкунанда, ки сарбориҳои иловагӣ ба бор меоранд ва оташбозии кӯдакон низ маҳсуб мешаванд.

Ба иттилои нозири калони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ниёзов, ҳамасола бо сабабҳои риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бемасъулиятии аксар шахсони мутасаддии хоҷагии ҷангал садҳо тан дарахтон низ ба коми оташ кашида мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксаран чунин ҳодисаҳои нохуши сӯхтор аз беаҳамиятии шаҳрвандон ба амал меоянд.

Ҷамшед Ниёзов изҳор медорад, ки «ҳарчанд кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори омма, инчунин тавассути пеш бурдани корҳои профилактикии оташнишонӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгирӣ намудани сӯхтор дар иншооти давлатӣ, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқонию хусусии мардум баромад менамоянд, вале баъзе масъулин нисбат ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бемасъулиятию хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Онҳо амрномаҳои аз тарафи нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор супоридаро иҷро накарда, барои аз офат наҷот додани боигарии мардум кӯшиш ба харҷ намедиҳанд».

Имрӯзҳо бархе аз шаҳрвандон чунин андеша доранд, ки пешгирӣ аз сӯхтор танҳо ба зиммаи кормандони хадамоти оташнишонӣ вогузор асту халос ва инро вазифаи шаҳрвандии худ намеҳисобанд. Инро бояд дар хотир дошт, ки риоя накардани қоидаҳои сӯхтор ва ҳангоми сар задани он шаҳрвандон метавонанд ҳам зарари ҷонӣ ва ҳам моддӣ бинанд, ки ин на ба манфиати кормандони хадамоти оташнишонӣ асту ва на ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ.

Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ вазъияти баамаломадаро ба инобат гирифта аз роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ, корхонаю, муассисаҳо, хоҷагиҳои ҷангал, деҳқонону хоҷагидорон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳалли ин мушкилӣ бетараф набошанд.

«Ба диққати шаҳрвандон мерасонем, ки ҳангоми ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор фавран бо телефонҳои шаҳрии 01 ва телефонҳои мобилии 101 ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар диҳанд. Ҳамчунин барои наҷот додани молу амвол ва ҷони худ аз вартаи оташ ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ ва назорати қатъии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор қарор дошта бошанд, чунки оташ вақти сар задани худро хабар намедиҳад»,-гуфт Ҷамшед Ниёзов.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад