Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрели соли 2026 бо даъвати Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти сарварии Раис Қурбонов Баҳодир Низомович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Зимни мулоқоти корӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ, инчунин таъмини ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ зоҳир карда шуд.
Дар доираи сафар аъзои ҳайат бо қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.
Механизмҳои табодули иттилоот ва ҳамкории амалӣ доир ба самтҳои асосии ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.
Аз рӯйи натиҷаи гуфтушунидҳо ҳамдигарфаҳмии комил ҳосил гардида, қарорҳои ҳамоҳангшуда оид ба татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои муайяншуда қабул карда шуданд.








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






