Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 август бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуӣ «Муқовимат бо коррупсия дар соҳаи маориф ва илм: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳалли он» вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Агентӣ оид ба мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва илм ва роҳҳои мубориза бар зидди ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба соҳаи маориф ва илм сухан гуфтанд. Зимнан ба иштирокчиён доир ба талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Дар маҷмуъ ҳамоиш дар руҳияи зиддикоррупсионӣ доир шуд. Бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он бобати дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён таъсири мусбат мерасонанд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст






