Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тарҳрезии либоси хизматчиёни ҳарбӣ дар шакли ягонаи миллӣ баррасӣ гардид

Август 21, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи тарҳрезӣ намудани либоси хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шакли ягонаи миллӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила дар сохторҳои ҳарбии мамлакат тартиби пӯшидани сару либоси низомӣ ба танзим дароварда шуда, дар умум намуди ягонаи сару либоси ҳарбӣ амалӣ гардид. Имрӯз мутобиқгардонии сару либоси ҳамарӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ ба шароити иқлими Тоҷикистон, интихоби намуди матоъ ва тарзи дурусти дӯхти он иқдоми наҷибонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад.

Сару либоси низомӣ, ки онро хизматчёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба бар менамоянд, на танҳо рамзи ифтихору шарафмандӣ, балки таҷассуми симои воқеии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки дар интихоби сару либоси нав ва дӯхти он ҳама меъёрҳои ҳатмии ҳарбӣ бо риояи унсурҳои миллӣ бояд ба инобат гирифта шавад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд