Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 август Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди минбаъда ва такмили ҳамкории мутақобили судманди мақомоти наҷотдиҳандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо назардошти таъсири манфии тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






