Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуд

Август 23, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати намояндагони бонкҳои Қатар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаҳои бунёдии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.

Меҳмонон ба иқтидори тавлиди неруи барқ, нақши муҳими стратегӣ доштани НБО «Роғун» дар  таъмини истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳамияти он дар рушди иқтисоди кишварҳои минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ иброз намуд, ки сохтмони НБО «Роғун» дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар ва ҳамкории судманди минтақавӣ саҳми муносиб гузорад.

Дар анҷоми шиносоӣ Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ дар Китоби ифтихории  «Роғун — Кохи Нур» соядаст гузошт.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Август 23, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд