Доир ба тадбирҳои иловагии вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ машварати корӣ баргузор гардид

Август 7, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 август доир ба тадбирҳои иловагии вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар машварат намояндагони вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, роҳбарияти ташкилоти қарзии молиявӣ, ассотсиатсияҳои бонкӣ ва ташкилоти молиявии мамлакат иштирок доштанд.

Зимни машварати корӣ аз ҷониби масъулини Вазорати молия доир ба амалӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва таъмини фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет рӯнамо манзур гардид.

Дар интиҳои машварат байни иштирокчиён роҷеъ ба пешниҳодҳои Вазорати молия дар робита ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд