Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Губернатори вилояти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон Файсал Карим Кундӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат, дурнамо ва густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ, саёҳат, фарҳанг ва ҳунар, варзиш, бонкдорӣ, алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят омода аст, то соҳибкорони муваффақи минтақаро ба сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб намояд. Ҳамзамон дар доираи мулоқотҳои қаблии намояндагии дипломатӣ мувофиқа гардид, ки байни соҳибкорони музофоти Хайбар-Пахтунхва ва вилояти Хатлон Форуми соҳибкорӣ баргузор карда шавад.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон ҷараёни татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2024 дар асоси муқаррароти Созишномаи моҳи декабри соли 2022 баимзорасида «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» бори аввал аз ин давлат корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии Покистон (NLC) ба таври мустақим ба Тоҷикистон ворид гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон









Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






