Файзалӣ Идизода дар ноҳияи Сангвор бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд

Август 29, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 август вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар ноҳияи Сангвор  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар бораи сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, вусъат додани созандагию бунёдкорӣ,  самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар намуд.

Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки мебояд дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем,  дар тарбияи ҷавонон саҳм гузорем ва заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намоем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулони Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва фаъолони ин диёри зебоманзар барои иҷрои дастуру  супориш ва  вазифаҳои гузошташуда  азму  талош намуда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона минбаъд низ дар шукуфоии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид