Файзалӣ Идизода дар ноҳияи Сангвор бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 август вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар ноҳияи Сангвор баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар бораи сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, вусъат додани созандагию бунёдкорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар намуд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки мебояд дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар тарбияи ҷавонон саҳм гузорем ва заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намоем.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулони Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва фаъолони ин диёри зебоманзар барои иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳои гузошташуда азму талош намуда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона минбаъд низ дар шукуфоии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид






