Дар нимсолаи якуми соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,7 миллиард долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,2 фоиз ё 316,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус 6 август зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содирот ба 955,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4,3 фоиз ё 42,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Омили асосии он кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо ба ҳисоб меравад.
Воридоти мол дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 775,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,5 фоиз зиёд гардидааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон аз 82 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 45,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






