Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ванҷ соҳиби 9 трактор гардиданд

Август 24, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ванҷ соҳиби 9 трактор бо тамоми таҷҳизот гардиданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи кишоварзӣ аст, ки имрӯз деҳқонони асили ноҳияи Ванҷ соҳиби чунин техникаҳои ҳозиразамон гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳқонони ноҳия соҳиби 13 трактор гардиданд.

Деҳқонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуда,  изҳор доштанд, ки бо дастрас гардидани чунин техникаҳои замонавӣ кори деҳқонон хеле осон мегардад. Деҳқонони ноҳия дар оянда кӯшиш менамоянд, ки бозори марказии шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуда, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал барои мардум иштирок намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

Август 24, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид