Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат рӯзона ба 36+39 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм, рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд






