Иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи иштироки доираҳои соҳибкориро дар намоишгоҳҳои байналмилалии ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштироки доираҳои соҳибкорӣ, форумҳои сармоягузорию тиҷоратии ҳарду давлат, ташкили ҳайатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои муҳим табодули афкор намуданд.
Ифтитоҳи дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин иқдоми муҳим ва созанда арзёбӣ гардид.
Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории зич байни доираҳои соҳибкорӣ, инчунин сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти мамлакат изҳори сипос намуда, барои густариши ҳамкории судманди соҳибкорони ҳарду давлат изҳори ҳавасмандӣ намуд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






