ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар Вазорати нақлиёт амалиёти молиявӣ тавассути низоми TFMIS SGB.net гузаронида мешавад

Август 18, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар амалиёти молиявии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфта, ба зиёда аз 82 фоиз расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳоло беш аз 4 ҳазор корманди Вазорати нақлиёт ва муассисаҳои тобеи он аз кортҳои пластикии бонкӣ, инчунин 23 рамзи QR, хизматрасонии 137 POS-терминали бонкҳои ватанӣ, инчунин замимаҳои мобилии ташкилоти молиявии мамлакат истифода мебаранд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар айни замон ҳисоб ва дастрас намудани музди меҳнати кормандони вазорат, аз ҷумла пардохти рухсатӣ, сафархарҷӣ, кумакпулӣ, варақаи маъюбӣ ва ғайра, пардохти ҳама гуна андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ (барқ, об, партов), алоқа ва интернет, инчунин хариди молу маводи конселярӣ ва кишоварзӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, чархҳои резинӣ, либос ва пойафзоли махсуси корӣ, муми моеъ ва аломатҳои роҳ пурра ба тариқи интернет бо истифода аз низоми ҳисоббаробаркунии электронӣ оид ба назорати молиявии давлатӣ дар Тоҷикистон TFMIS SGB.net (Tajikistan Financial Management Information System) амалӣ карда мешавад.

Дар терминалҳо, нуқтаҳои тарозуи мошинҳои боркаш ва корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми пардохти хизматрасониҳо тавассути интернет дар баробари кортҳои бонкӣ ҳамёнҳои электронӣ низ истифода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июли соли 2023 ба ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва молиявӣ супориш дода шудааст, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани рухсатномаю иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ ва ғайра, инчунин қабули маблағҳои пулӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатиро дар шакли ғайринақдӣ амалӣ намоянд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд