Истиқлолият барои мардуми тоҷик муқаддастарин арзиши миллӣ ба ҳисоб меравад

Август 24, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Доштани ҳисси миллӣ ва озодихоҳӣ аз рисолати асосии халқи тоҷик дар тамоми давраи мавҷудият ба шумор рафта, тоҷикон барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудаанд. Зеро давоми солҳои таърихи гузашта миллати тоҷик борҳо ба ҳамлаҳои бераҳмонаи душманон дучор шудааст. Ниёгони пурифтихори мо намегузоштанд, ки миллати тоҷик тобеъ ва дастнигари аҷнабиён бошад.

Дар замони муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, бинобар ин, барои ҳар фард дарки моҳияти истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад.

Ба ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо ишора намудаанд. Ҳар сокини ҷумҳурӣ бояд ба қадри истиқлолият бирасад ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намояд.

Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» қабул намуд. 9 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон тадриҷан Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Конститутсияи нави соли 1994 қабулгардида бунёди ҷумҳурии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар мамлакат эълон намуд.

Вале бадхоҳони миллат ҷумҳурии тоза соҳибиистиқлол гардидаро солҳои 1992 – 1997 ба ҷанги шаҳрвандии бародаркушӣ кашиданд. Аммо халқи тамаддунофари тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат – Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари фурӯпошии ҷумҳурӣ ва нест шудани миллатро ҳис намуда, ба ин ҷанг хотима бахшиданд ва ҷумҳурӣ дубора ба ризоияти миллӣ ва ваҳдати саросарӣ ноил гардид.

Аз ин рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсозу бақои миллатамон Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро доро мебошад. Қабули асноди меъёрии ҳуқуқии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими идоракунии давлатӣ ва сохторҳои ҳокимияти марказию мақомоти маҳаллии он равона гардидааст.

Таҳти роҳбарии Сарвари давлат ниҳодҳои давлатӣ пурра барқарор ва фаъол гардонида шуданд.

Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ризоияти миллӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати мустақили соҳибистиқлол расман шинохта шудааст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими мамлакат боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид ва ҳар тоҷик аз он ифтихор дорад, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

Хушбахтии мардуми тоҷик дар ин аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша намудааст ва ин рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи тоҷик аст. Бори дигар собит гашт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну таҳаммулпеша мебошанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, чунин иброз намудаанд: «Халқи тоҷик тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст. Идеяи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 24, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад