ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд

Апрель 7, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи октябри соли 2025 дар деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмалик ба истифода дода шуд, ки дар он хонандагон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳсил менамоянд. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 2 октябри соли 2025 Мактаби президентии ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар аввал муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд. Бо назардошти он, ки бинои таълимӣ дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб сохта, муҷаҳҳаз карда шудааст, Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дастур доданд, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад. Ҳамаи омӯзгорону хонандагон тариқи озмун қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шавад.


Муассиса барои ба таҳсил фаро гирифтани 700 хонанда пешбинӣ гардида, бинои таълимӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Бино дорои 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хати интернети баландсуръат пайваст, толору майдонча барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Китобхона дорои адабиёти зиёди таълимию бадеӣ буда, аз он омӯзгорон ва ҳам хонандагон васеъ истифода менамоянд. Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст ва кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоид ба ташаккули дониши хонандагон мусоидат менамояд. Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин гардидааст.

Дар назди муассиса чоҳҳои зеризаминӣ канда шуда, оби ошомиданӣ дар ҳавзи ғунҷоишаш 50 метри мукааб захира мегардад. Бо ба назар гирифтани афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ тасмим гирифта шудааст, ки барои ба таҳсил фаро гирифтани 1500 хонанда дар ду баст дар ин муассиса шароит муҳайё гардад.


Майдончаи варзишӣ, ки дар назди иншоот сохта шудааст, воситаи хуби ташаккули тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари хонандагон ба тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва боло бурдани завқи онҳо ба варзиш мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Темурмалик давоми солҳои 2022-2026 таъмиру сохтмони 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 5 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ноҳияи таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ бомаром идома доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид