ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад

Август 16, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/.  15 август Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гулистони деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо ҳолати истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ва захираи дусолаи хӯрокворӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Маҳмадшариф Сафаров шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарину меҳнатдӯсти ноҳияи Кӯшониён ҳар қитъа замини дарихтиёрдоштаашонро пурмаҳсул истифода карда, ҳамасола аз он ҳосили фаровони якчанд номгӯй маҳсулотро ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замин 0,15 гектарро ташкил дода, дар айни замон дар он лубиёдонагиҳо, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва ҷуворимакка барои дон парвариш меёбанд.

Раиси вилояти Хатлон бо қитъаи замини наздиҳавлигии ин сокини меҳнатдӯст шинос шуда, дар кишти такрории картошка иштирок намуд.

Гуфта шуд, ки сокинон аз ҳисоби ин қитъаҳо консерваю дигар хӯриши лазиз омода карда, барои давраи зимистон захира менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон аз маданияти баланди истифодаи замини наздиҳавлигии Маҳмадшариф Сафаров изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки на танҳо ин сокин, балки тамоми шаҳрвандони ноҳия бояд қитъаҳои замини наздиҳавлигияшонро босамар истифода баранд.

Истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани 2-3 ҳосил дар ҳар хонаводаи сокинони ноҳияи Кӯшониён мушоҳида мегардад. Сокинон ҳамасола бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи рӯзгори хеш дар қитъаҳои наздиҳавлигияшон зироату сабзавоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 16, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон