Кишти чигит бо усули обёрии зери плёнка дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор гектарро ташкил медиҳад

Август 19, 2025 11:22

ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъовари пахта идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, имсол кишоварзони мамлакат бо истифода аз тамоми имконот дар 182 ҳазору 466 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки ба 97,6 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Беш аз 21 ҳазор гектари чигит бо усули обёрии зери плёнка кишт карда шудааст.

Соли 2024 аз 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи таҳлилҳо, ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Омили кам гардидани ҳосил дар соли 2024 боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май буданд, ки бинобар он кишти пунбадона тӯл кашид. Яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ кишти пахта то 65 рӯз идома ёфт.

25 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода иброз намуд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд хоҷагиҳои деҳқоние, ки имсол бо усули обёрии зери плёнка чигит кишт кардаанд, ҳосили зиёд ба даст меоранд.

«Масалан, агарчӣ мо ҳосилнокии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакорро ба ҳисоби миёна 20-сентнерӣ ҳисоб карда бошем ҳам, онҳо то 40-48-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Ин натиҷаи дар зери плёнка кишт намудани пунбадона мебошад»,-гуфт Нуралӣ Асозода.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии пахта минбаъд дар Тоҷикистон чигит бо истифода аз технологияи муосир кишт карда мешавад. Соли равон ба ҷумҳурӣ 125 техникаи тухмипошаки зери плёнка ворид гардид, ки ба осон ва беҳтар намудани кори деҳқонон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 19, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд