Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис додааст, ки ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар ин самт ва мусоидат ба иҷрои самараноки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро ба уҳда дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар доираи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи зеҳни сунъӣ ҷиҳати рушди устувори мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ иқдом менамояд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ мебозад. Бо ҷонибдории қатъномаи ахири Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ин самт ҳамкории кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, инчунин рушди зеҳни сунъӣ дар бахшҳои муҳими иқтисод, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, савдо ва молияро фаро мегирад.
Ин ҳуҷҷат зарурати риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои таъмини ояндаи рақамии бехатар, фарогир ва кушодро таъкид менамояд.
Қисмати муҳими ин ташаббус таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Марказ ба мубодилаи дониш, омодасозии мутахассисон, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таъсиси механизмҳои худтанзимкунӣ барои таъмини амният ва эътимоднокии низомҳои зеҳни сунъӣ мусоидат менамояд. Агентӣ ҳамзамон лоиҳаҳои фарогири рақамисозиро амалӣ менамояд, ки ба бартарафсозии нобаробариҳои инфрасохторӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ равона гардидаанд.
Ин тадбирҳо ба ташаккули экосистемаи мусоиди воридсозии ҳалли инноватсионӣ ва суръатбахшии табдили рақамии Тоҷикистон ва минтақа мусоидат менамоянд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






