Масъалаи ифтитоҳи парвозҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд

Август 7, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 августи соли 2025 вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия Кемал Юксек ва роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлайнз», «Анадолу Ҷет» ва «Пегасус Эйрлайнз» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи ифтитоҳи парвозҳо дар самтҳои Анқара-Душанбе, Анқара-Хуҷанд, Анталия-Душанбе (дар фасли тобистон), инчунин зиёд намудани шумораи парвозҳо дар самти Истанбул-Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни вохӯрӣ директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия иброз дошт, ки вобаста ба аудити дарпешистодаи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) омодааст дар масъалаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти авиатсионӣ, иҷозатномадиҳӣ, рақамикунонии равандҳо ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамкорӣ намояд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании ҳар ду давлат нақши муассир мегузорад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд