Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст

Август 10, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асри 21 технологияҳои рақамӣ (Digital Technology) ва зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ба воситаи муҳими таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ табдил ёфтаанд. Технологияҳои мазкур бо қобилияти таҳлилии зуд, пешгӯии хатарҳо ва автоматикунонии равандҳо ба ҳифзи амнияти миллӣ, саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мусоидат менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои фаъол дар татбиқи сиёсати инноватсионӣ аст, истифодаи технологияҳои мазкур дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аҳамияти хоса дорад. Дар ин самт бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабули қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли соли 2025 нақши муҳим мебозад.

Технологияҳои рақамӣ, аз қабили сенсорҳои интеллектуалӣ, таҳлили маълумоти калон ва блокчейн дар идора ва пешгирии хатарҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нақши хос доранд. Сенсорҳои интеллектуалии муосир имкон медиҳанд, ки сатҳи радиатсия дар вақти воқеӣ назорат карда, аз паҳншавии радионуклидҳо дар боду ҳаво маълумоти пешакӣ ва дақиқ диҳанд, ҳамзамон ба саломатии инсон ва ҳифзи экологии мамлакат сари вақт мусоидат карда шавад.

Системаи таҳлилии маълумот дар муддати кӯтоҳ маълумоти калонро ҷамъоварӣ ва таҳлил карда, ба қабули қарорҳои фаврӣ мусоидат мекунад. Таҳлили маълумот метавонад, ки пешгӯии паҳншавии бемориҳои сироятиро таъмин намояд ва аз таҳдиди биологӣ нигоҳ дорад.

Дар раванди блокчейн барои сабт ва нигоҳдории бехатарӣ маълумот дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ истифода карда мешавад. Технологияи мазкур шаффофият ва пешгирии дастрасии ғайриқонунии маълумотро таъмин менамояд. Масалан, блокчейн метавонад барои пайгирии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар занҷираи таъмини маълумот ва таърихи пайдоиши онҳо истифода гардад ва ба пешгирии ғайриқонунии истифодаи маводи хатарноки ядроӣ ва радиоактивӣ мусоидат намояд. Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ бо қобилияти худкорсозӣ, пешгӯии хатарҳо ва таҳлили мураккаб дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ саҳми беназир дорад. Технологияи мазкур на танҳо самаранокиро баланд мебардорад, балки хатарҳоро бо дақиқии баланди маълумот муайян мекунад.

Зеҳни сунъӣ дар муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ низ нақши муҳим дорад. Масалан, системаи ба монанди Darktrace таҳдидҳои кибериро дар вақти воқеӣ ошкор карда, онҳоро пеш аз расонидани зарари ҷиддӣ манъ мекунад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуд, ки 25 июли соли 2025 бо иттифоқи оро қабул гардид. Қатъномаи мазкур аҳамияти зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таъкид менамояд.

Ин ташаббус на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар истифодаи технологияҳои нав муаррифӣ менамояд. Инчунин қатъномаи мазкур барои густариш додани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА, IAEA) ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ бобати татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи ядроӣ ва радиатсионӣ мусоидат менамояд. Он ҳамчунин дар истифодаи пурсамари технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳим мебозад.

Олимҷон АЗИЗОВ,
Манучеҳр ШОКИРОВ,
мудирони шуъба дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Август 10, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои захираи зимистон аз ҳосили пиёзи тирамоҳӣ истифода намоед
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳ 34% афзоиш ёфтааст
ҲАШТОД СОЛИ МУБОРИЗАИ СММ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он низоми ҳуқуқии мамлакатро дар асоси манфиатҳои миллӣ ташаккул медиҳад
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Оё муассисаҳои маорифи шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистон омодаанд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОРУСОЗӢ. Барои рушди саноати истеҳсоли доруворӣ бояд аз захираҳои табиӣ ва табиат истифода намуд
МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?
Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва миллат аз рушди илму маориф вобастагӣ дорад
ПАЁМИ ҲУВИЯТСОЗИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон дар даврони истиқлолият