НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 1652 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Самти муҳими фаъолияти Кумитаи давлатӣ назорати самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз ин заминҳо мебошад. Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо корҳои муайян ба сомон расонида шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2025 майдони умумии 1652 гектар, аз он 1598 гектараш замини обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз ҷумла, 343 гектар, аз он 330 гектараш замини обӣ аз ҳисоби заминҳои партов, 631 гектар чарогоҳ ва 678 гектар дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз худ карда шуданд.
«Умуман дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххас давоми панҷ соли охир аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда майдони умумии 8480 гектар, аз он 8167 гектараш обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, корбарӣ дар ин самти фаъолият идома дорад»,-гуфт раиси кумитаи давлатӣ.
Иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 72 парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид. Баъд аз ташхиси техникӣ бинобар сабаби ҷой доштани камбудиҳо 34 парвандаи заминсозӣ бозпас гардонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 7 ҳазору 562 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст. Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6 ҳазору 918 дастур дода шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ






