НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон фаъолияти худро дар самти таъмини волоияти қонун, амнияту осоиштагии давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, риоя ва иҷрои қонунгузорӣ пурзӯр намуд. Ин нуктаро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 8 август дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иброз намуд.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти прокуратура 4 ҳазору 610 санҷиш гузаронида шуда, 2 ҳазору 977 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Ҳамзамон беш аз 45 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 199 ҳазору 379 нафар барқарор карда шуд. Дар ин давра 997,3 миллион сомонӣ маблағи зарар, аз ҷумла 339,3 миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шуд.
Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки дар ин давра ҳамзамон ба мақомоти прокуратура беш аз 22 ҳазор муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки 1657 –тои он қонеъ кунонида шуд.
Бо дахли қонунгузорӣ оид ба замин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар ин самт соли равон 754 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбат ба мансабдорон 156 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 3 ҳазору 444 амру пешниҳод бароварда ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 1255 эътироз оварда шуда, 90,5 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Ҳамчунин беш аз 5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






