НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ҳазору 356 ҳолати қайди ақди никоҳ сабт гардида, аз ин шумора 4117 ҳолати ақди никоҳ бо қарори суд бекор карда шудааст. Бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 291 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади ҷалби занон ба корҳои тозагию ободонии хона, кӯчаю маҳалла, баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон, пешгирии занону духтарон аз фарҳанги бегона, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварии хонаводагӣ, худкушию суиқасд ба ҷон ва ҷинояту ҷиноятсодиркунӣ бо усули «хона ба хона» бо 430 ҳазору 264 оила суҳбатҳои инфиродӣ доир шуданд. Ҳамзамон бо усули «маҳал ба маҳал», «деҳа ба деҳа» ва «мактаб ба мактаб» корҳои зиёди тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотӣ гузаронида шуданд.
«Ҳамаи ин суҳбату вохӯриҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории кумита ва бахшу шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешаванд, маҳз ба хотири пешгирии омилҳои номатлуб, ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ ва рушди соҳибкорию ҳунармандӣ дар байни онҳо мебошад»,-баён дошт Бунафша Файзиддинзода.
Зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди масоили фарогирии занону духтарон ба шуғл ва касбомӯз иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти дастрасгардида, дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби мақомоти Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз шумораи 37 ҳазору 722 нафар занони муроҷиатнамуда 19 ҳазору 464 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 7 ҳазору 537 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






