НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб дар беш аз 14 ҳазор ҳолат вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи 628,2 миллион сомонӣ муайян намуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 71 чорабинии аудиторӣ гузаронида, дар 14 ҳазору 147 ҳолат вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи умумии 628,2 миллион сомонӣ муайян намуд. Дар ин хусус Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҷамшед Каримзода гуфт, ки аз ҷумла, вайронкунии қоидаҳои молиявии дорои хусусияти расмӣ дар 606 ҳолат ба маблағи 389,4 миллион сомонӣ ва вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ дар 13 ҳзаору 282 ҳолат ба маблағи 238,8 миллион сомонӣ муайян гардид. Аз маблағи умумии вайронкунии низоми молиявии муайянгардида қоидавайронкуниҳо вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, 114,3 миллион сомонӣ, пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ 100,6 миллион сомонӣ, идоракунии моликияти давлатӣ 9,5 миллион сомонӣ ва дар соҳаи сохтмон 14,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба андешаи Ҷамшед Каримзода, натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ муайян намуд, ки ба камбудию норасоиҳои молиявӣ, хусусан дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он 5,8 миллион сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус ва сохторҳои он 5,3 миллион сомонӣ, Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф 482,2 ҳазор сомонӣ, Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов»-и ноҳияи Рӯдакӣ 118,3 ҳазор сомонӣ роҳ дода шудааст.
Таъкид гардид, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ вобаста ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2024 дар муносибат ба фаъолияти якчанд корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуд.
«Барои таъмини арзёбии истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Файзобод, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ гузаронида шуданд. Зимни он қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 14,2 миллион сомонӣ муайян ва барқарор карда шуд»,- иброз намуд дар нишасти матбуотӣ Ҷамшед Каримзода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад






