Оид ба оғози раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0.) ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе оид ба оғози раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0.) ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC Partnership) ва дастгирии техникии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳадафи ҳамоиш ҷалби ҷонибҳои калидии манфиатдор, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, корпусҳои дипломатӣ, ҷавонон, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва молиявӣ барои расман эълон намудани такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0.) мебошад.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон, Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Судипто Мукерҷи ва Директори глобалии Шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда Пабло Виейра сухан намуданд.
Ҷонибҳо зарурати ҳамкории муштарак ва таъҷилии чораҳои иқлимиро таъкид намуда, барои дастгирии Тоҷикистон дар ин раванд изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамоиш инчунин барои муаррифии нақшаи роҳ, методология ва тарзи ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҷараёни таҷдиди NDC 3.0 -Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда платформа гардида, нақшаҳои ҷумҳуриро нисбат ба рушди устувори иқлимӣ боз ҳам тақвият бахшид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






