ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои нави саноатии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст

Август 7, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3 ҳазору 429 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд. Чунин иттилоъ дод Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 6 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Шералӣ Кабир иброз дошт, ки дар ин дар вилояти Суғд 83 корхонаи нави саноатӣ бо 515 ҷойи кор ба истифода дода шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар натиҷа 125 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

Дар вилояти Хатлон дар ин давра 42 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, 270 ҷойи кори нав фароҳам оварда шуд. Инчунин дар навоҳии тобеи марказ 23 корхонаи нави саноатӣ бо 103 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 25 корхонаи нави саноатӣ бо 151 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намуданд.

Самти фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда ва содиротӣ нигаронида шудааст. Вазири саноат ва технологияҳои нави мамлакат таъкид намуд, ки дар ин давра корхонаҳои нави саноатии мамлакат дар ҳаҷми беш аз 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Шералӣ Кабир ҳамзамон иттилоъ дод, ки дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ 168 корхонаи нави саноатӣ дар соҳаҳои гуногун- мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, коркарди маъдан ва ғайра ба истифода дода шуданд.

Танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд