Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳем.
Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.
Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода карда шаванд.
Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо ҳамчун масъалаи муҳим боқӣ мемонад.
Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






