«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Nafith Logistics» ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 августи соли 2025 вохӯрии роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо намояндагони ширкати байналмилалии «Nafith Logistics» баргузор шуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои рақамикунонӣ ва идораи равандҳои логистикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба автоматикунонии равандҳои логистикӣ, назорати гумрукӣ, рушди терминалҳо ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар интиқоли маҳсулоти саноатӣ ва боркашонӣ тавассути роҳи оҳанро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии соҳаи логистика изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати «Nafith Logistics» соли 2003 таъсис ёфта, дар соҳаи рушди логистика ва рақамикунонии равандҳои марбут ба боркашонӣ фаъолият дорад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






