Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст

Август 8, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 08.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ 93 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ҳамзамон 7479 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ дида шуданд. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 7 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҳисоби корхонаву идораҳо ва шаҳрвандон 385 миллиону 270 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи неруи барқ ба буҷаи давлат барқарор карда шуд.

«Сари вақт напардохтани маблағи истифодаи неруи барқ, дуздӣ ва истифодаи ғайриқонунии он яке аз сабабҳои асосии норасоии барқ дар фасли зимистон дар баъзе минтақаҳои мамлакат мебошад. Напардохтани маблағи истифода ва дуздии неруи барқ сабаби вайрон шудани раванди таъмини барқ ва расонидани зарари калони пулию молӣ ба буҷаи давлат мегардад. Аз ин рӯ ин раванд имрӯзҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дорад»,-изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.

Бояд гуфт, ки моҳи майи соли равон Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки сокини 53-солаи шаҳри Душанбе Нурулло Раҷабов дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур неруи барқро бе ҳисобкунак пайваст намуда, як муддат онро ба таври ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Зимни санҷиш муайян гардид, ки зарари расонида 1411 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ин моҳ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки истиқоматкунандаи кӯчаи Теппаҳои Шарқии шаҳри Душанбе Абумуслим Раззоқов як муддат аз барқи ба таври ғайриқонунӣ пайвастшуда истифода намуда, 4237 сомонӣ ба буҷаи давлат зарар расонидааст.

Сокини дигари пойтахт Зубайдулло Қурбонов, истиқоматкунандаи кӯчаи Р.Амакӣ низ берун аз ҳисобкунак неруи барқро истифода бурда, ба шабакаи таъминоти барқ 3796 сомонӣ зарар расонидааст.

Нисбат ба қонунвайронкунандагон бо моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.

Дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои андозагирӣ, инчунин дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят чунин муқаррарот ворид шуд.

Яъне нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 нишондиҳанда (1 ҳазору 500 сомонӣ) то 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ) то 50 нишондиҳанда (3 ҳазору 750 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ ) то 300 нишондиҳанда (22 ҳазору 500 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Дар ин замина дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст