Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дӯстӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва корҳои созандагӣ шинос гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 август дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Дӯстӣ рафта, дар Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш» бо рафти ҷамъоварии хосили пахта дар заминҳои ширкати «Ҷунтай Хатлон Син Силу» шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати «Ҷунтай Хатлон Син Силу» дар 487 гектар замин пунбадона кишт карда, айни замон рафти ҷамъоварии ҳосили пахта хуб аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар зиёда аз 40 сентнерӣ муайян карда шудааст.
Сарвазири мамлакат бо масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбат намуда, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба онҳо тавсияҳои судманд дод.
Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии №1 шинос шуд. Пойгоҳҳои обкашии №1 дар деҳаи Каёндеҳи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ҷойгир буда, 10 пойгоҳи обкашӣ тамоми мавзеи Ғаравутӣ, ки зиёда 12 ҳазор гектар заминҳоро дар бар мегирад, бо об таъмин менамоянд.
Дар ин рӯз Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шифер шинос шуд.
Корхонаи истеҳсолии шифер дар кӯчаи ба номи А.Каримови Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Сохтмони корхонаи истеҳсоли шифери асбестӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Манзараҳои Вахш» дар соли 2025 оғоз гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли 685400 дона шифер дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Майдони умумии корхона ба микдори 0,45 гектар ва шумораи коргарон 45 нафар мебошад.
Баъди ба истифода додани корхона муассисон ба нақша гирифтанд, ки истеҳсоли лӯлаҳои обгузарро (кубурҳо) дар ҳаҷми гуногун истеҳсол намоянд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иқдоми соҳибкорони ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки бештар ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






