Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва хоҷагидорӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Кошифии Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо истифодаи самараноки замин дар Кооперативи тиҷоратии «Муслим» ва ҷамъоварии ҳосили ангур шинос гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, заминҳои хоҷагии деҳқонии «Муслим» аз 28 гектар иборат буда, аз он 23 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ зиёда аз 30 нафар сокинони деҳаҳои атроф фаъолият менамоянд. Намудҳои гуногуни ангур, аз ҷумла ҳусайнӣ, кишмиш, победа ва ғайраҳо парвариш мешаванд.
Дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд.
Ҳамчунин имрӯз Сарвазири Тоҷикистон дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатиро мавриди истифода қарор дод.
Маркази саломатӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳа ба таври ҳашари дастҷамъона бо маблағи 580 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Он аз 6 утоқи корӣ иборат буда, аз ҷониби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Қоҳир Расулзода роҳи автомобилгарди байни деҳаи Гулзор баъд аз мумфаршнамоӣ ба истифода дода шуд. Дарозии он 3,5 километрро дар бар гирифта, бо маблағи 290 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






