Сатҳи забондонии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ санҷида мешавад

Август 20, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомот дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, ҳайати шахсӣ барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар машғулият иштирок мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Барои назорату санҷиш ва натиҷагирии ҷараёни таълим, сатҳи забондонӣ ва муоширати кормандон бо забонҳои хориҷӣ  Комиссияи санҷиши сатҳи забондонӣ таъсис дода шудааст. Баъди гузашти марҳилаи аввал ҳайати ин комиссия санҷиши методию амалиро дар ин самт шуруъ намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 19 август ҳайати шахсии шуъбаву хадамоти дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар ҳузури комиссия аз забонҳои русӣ ва англисӣ имтиҳон супорид. Ҳайати комиссия барои муайян кардани саводи забондонӣ тавассути саволномаи тестӣ ва муоширати мустақим аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ санҷиш гузаронид. Кормандон донишҳои назариявӣ ва маҳорати забондонияшонро нишон доданд.  То чӣ андоза муваффақ будани имтиҳонсупорандагонро хулосаи ҳайати комиссия муайян мекунад. Минбаъд низ санҷиши омӯзиши забонҳои хориҷӣ идома ёфта, марҳилаи навбатии машғулияти забономӯзӣ оғоз меёбад.

Фаъолияти Комиссияи санҷиши сатҳи забондонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд идома дорад. Сатҳи забондонии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо тартиби муайяншуда пурра санҷида мешавад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид