Шуруъ аз 16 сентябр дар масири Сиан-Душанбе парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд

Август 29, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 16 сентябр дар масири Сиан-Душанбе-Сиан парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Парвозҳои мустақим дар ин масир аз ҷониби  ширкати «Zhejiang Loong Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд.

Ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт барои густариши ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омад бемамонияти шаҳрвандони ҳар ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар масири Пекин-Душанбе-Пекин ва Қошғар_-Хуҷанд-Қошғар низ парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании мамлакат рушд ёфта, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати «Осмони кушод» ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 29, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дурнамои ҷалби сармоягузориҳои Олмон ба соҳаи саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд