Соли 2025 дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд

Август 1, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 01.08.2025 / АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли 2025 дар миқёси вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав бо 536 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус 30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми 6 моҳи соли 2025 дар вилоят ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  132,8 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 253 номгӯй расонида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва саноати сабукро дар бар гирифта, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Август 1, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд