ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
5 августи соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон байни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гардид.
***
5 августи соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистон ва Кипр- «Стар Мост» ба фаъолият оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.
***
5 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон шинос шуданд.
***
5 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ дар Туркманистон бо фаъолияти бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар Душанбе Чемпионати сеюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола оғоз гардид.
***
5 августи соли 2023 бар асари бориши шадид дар музофоти Ҳэбеэйи шимоли Чин беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар кӯчонида шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ифтитоҳи роҳи мошингард байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия оғоз гардид.
5 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии чароғаки раҳнамо (светофор).
***
Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдулҳамид Самад — соли 1947- нависанда, рӯзноманигор. Аз соли 1982 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990).








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






