Табодули молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ 6 миллион долларро ташкил дод

Август 7, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Табодули молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи соли равон 6 миллион долларро ташкил додааст, ки ин ҳаҷми кам мебошад. Интизор меравад, ки дар асоси тавофуқоти сарони давлатҳои ҳарду ҷониб он давра ба давра афзоиш дода шавад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 7 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат иброз дошт, ки «Тоҷикистон бо Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ дорад. Се гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд воқеъ мебошанд: «Гулистон» дар ноҳияи Исфара, «Маданият» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Овчӣ Қалъача» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 1 гузаргоҳи сарҳадӣ дар водии Рашт –«Лахш» ва як гузаргоҳи сарҳадии «Қизил Арт» дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Хуршед Каримзода гуфт, ки ҳамаи гузаргоҳҳо ба фаъолият шуруъ намудаанд. Тавассути гузаргоҳҳои «Лахш» ва «Қизил Арт» танҳо шаҳрвандон мегузаранд ва ҳоло молу маҳсулот интиқол дода намешавад. Дар ин давра тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Кирғизистон қариб 53 ҳазор шаҳрванд рафту омад намудаанд.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон иброз намуд, ки мубодила ва интиқоли молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо тавассути дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон», воқеъ дар ноҳияи Исфара ва дидбонгоҳи гумрукии «Маданият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба роҳ монда шудааст.

Иброз гардид, ки тавассути дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и шаҳри Исфара ба таври транзит аз Чин ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид карда мешавад. Дар ин давра тавассути ин дидбонгоҳи гумрукӣ ба Тоҷикистон аз Чин 658 воситаи нақлиёти боркаш ва 1 ҳазору 629 воситаи нақлиёти сабукрав ворид карда шудааст.

Ҳоло гузаргоҳи сарҳадии «Овчӣ Қалъача» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият надорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ