Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ телефони боварӣ ташкил гардидааст. Он дар шашмоҳаи якуми соли равон ба беш аз 30 сайёҳи хориҷӣ кумаки фаврӣ расонид. Ба ин кор ба хотири бехатарии сайёҳон ҳангоми саёҳат иқдом гирифта шуд. Чунин иброз дошт 1 август зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Холматиён.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд аз соати 8:00 то 17:00 ба таври мустақим ба рақамҳои 118-200-200 тамос гиранд. Инчунин дар дигар вақтҳо аз тариқи паёмак (Whatsapp, Telegram) метавонанд муроҷиат намоянд.
Иброз гардид, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафи он кумак расонидан ба сайёҳон ҳангоми ба мушкилӣ дучор шуданашон мебошад.
Бехатарӣ яке аз омилҳои таъсиркунанда ба рушди сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе низ шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият менамояд. Мақсади шуъбача расонидани кумаки ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт мебошад.
Сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳангоми ба дилхоҳ мушкилӣ дучор гардидан ва ё вайрон кардани қоидаҳо метавонанд тавассути рақамҳои 02-00 бо милитсияи сайёҳии пойтахт дар тамос шаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид






