Тоҷикистон ба маблағи 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст

Август 7, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллион доллар ё 103,7 фоиз зиёд мебошад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 6 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон итиилоъ дод, ки маҳсулоти хӯрокворӣ асосан ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Олмон, Чин, Туркия, Узбекистон ва Гурҷистон содирот гардидааст.

Аз ҷумла, дар ин давра 45,1 ҳазор тонна меваи хушк, 16,2 ҳазор тонна нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 200,0 тонна боқимондаҳои саноати хӯрокворӣ, 185 тонна намак, 1,7 ҳазор тонна консерваҳои меваю сабзавотӣ, 140 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 496 тона желатин ва 1,3 ҳазор тонна орди гандумӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид