Тоҷикистон бо Эрон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 30 июл дар шаҳри Кумини Ҷумҳурии Мардумии Чин Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин машварат Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Нурӣ Ғуломризо ва муовини вазири кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чжили вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ бо Вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи раванди амалишавии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ниҳодҳои кишоварзии ду давлат, афзоиши гардиши савдои маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии доираҳои соҳибкории тарафайн, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обу замин ва истеҳсоли маҳсулоти органикиро баррасӣ шуданд.
Инчунин ҷонибҳо ба бунёди низоми нигоҳдорӣ, коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сифат, яъне бунёди лабораторияҳои арзёбии сифати об, хок ва маҳсулоти ниҳоӣ, ки дорои аккредитатсияи байналмилалӣ бошанд, диққати махсус зоҳир намуданд.
Дар вохӯрӣ бо муовини вазири кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар доираи механизми Осиёи Марказӣ – Чин, афзоиши гардиши маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти кори зеркумита оид ба масъалаҳои кишоварзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин, ҷалби ширкатҳои чинӣ барои сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзии мамлакат, фаъол намудани равобит байни доираи илмии тарафайн, истифодаи самаранок ва татбиқи амалии корҳои илмӣ дар истеҳсолот, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши пахта, селексия ва тухмипарварӣ, татбиқи роҳҳои инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, муҳофизати растанӣ аз касалию ҳашароти зараррасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар чаҳорчӯби Зеркумита оид ба масъалаҳои кишоварзӣ гурӯҳи кории муштарак таъсис дода, ҷаласаи онро доир намоянд.
Ҷониби чинӣ дар самти воридоти лимӯ, гелос, ангур, тути хушк ба бозори Чин ва содироти маҳсулоти коркардшуда ба Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Инчунин рақамикунонии соҳа, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, таъсиси лабораторияҳои санҷиши хок ва сифати маҳсулот, истифодаи технологияи сарфакунандаи об, афзоиш додани бурсия барои донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии аграрии Чин мувофиқи мақсад шуморида шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






