Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд

Август 21, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи инноватсия ва  технологияҳои рақамӣ дар меҳвари мулоқоти  директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобили судманди байни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самти технологияҳои иттилотӣ, омодакунию бозомӯзии кадрҳои соҳавӣ ва тақвияти ҳамкории муштарак дар оянда ишора намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун омодагии ниҳодҳои дахлдори Чинро барои  тақвияти ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Дар анҷом ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд